Нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ба зимистон номувофиқанд. Ба гуфти Ёров
Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик» камбуди бисёри нерӯгоҳҳои барқи обии мавҷудаи Тољикистонро дар он медонад, ки аксарашон бе назардошти сатҳи об дар фасли сармо тарҳрезӣ шудаанд.
Ба гуфтаи Ёров ин камбудӣ ҳатто дар калонтарин нерӯгоҳи кишвар-«Норак» ҳам ҷой дорад: «Дар нерӯгоҳи «Норак» барои кор намудани як агрегат 150 метри мукааб об дар як сония лозим аст. Барои нӯҳ агрегат 1350 метри мукааб дар як сония об даркор мебошад. Ин дар ҳолест, ки ҷараёни об дар дарёи Вахш дар давраи зимистон то 70 – 80 метри мукааб дар як сония мерасад. Ин ҳаҷми об барои 30 фоизи як агрегат ҳам намерасад. Нерӯгоҳи Норак ин лоиҳаи калонтарин, ки як давлати абарқудрат, ҳукумати Шӯраваӣ онро лоиҳакашӣ кардаст».
Ҳамчунин, ин ҳолат дар нерӯгоҳҳои Бойғозӣ, Сангтўда – 1 ва Сангтўда 2 ҳам ҷой дорад.
Абдулло Ёров таъкид мекунад, ки ин камбуди лоиҳакашҳои замони шуравиро дарёфта, дар баъзе лоиҳаҳои нави нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон тағйироти дахлдор ворид намудаанд. Вай мегӯяд дар тартиби лоиҳакашии нерӯгоҳҳо бояд хусусияти Тоҷикистон ба назар гирифта шавад: «Ба мо асосан дар давраи зимистон об намерасад. Миқдори камтарини оби давраи зимистонро ба назар гирифта, мо бояд нерӯгоҳро лоиҳакашӣ кунему созем».
Абдулло Ёров мегӯяд, институтҳои лоиҳакашӣ ҳам ин камбудии худро дарк кардаанд:
«Мо бо онҳо сӯҳбат доштем ва иншооллоҳ дар оянда ин камбудиҳо намешаванд. Камбудиҳои мавҷударо ба қадри имкон ҳал мекунем».