Райиси Бонки миллӣ ба бонкдорони кишвар супориши қатъӣ дод
Масъулини бонкҳои тиҷоратии кишвар сабаби дар баъзе ҳолатҳо набудани пули нақд дар банкоматҳоро ба он рабт медиҳанд, ки аввали моҳ чун замони маошгирӣ аст, талабот ба пули нақд дар банкоматҳо якбора зиёд мешавад.
Дар натиҷа баъзе банкоматҳо мувақаттан бепул мемонанд. Дар Тоҷикистон шикоят аз он, ки соҳибони кортҳои пластикӣ зимни гирифтани пули нақд аз банкоматҳо ба мушкилӣ дучор мешаванд зиёд садо медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, чанд нафар аз кормандони корхонаҳои давлатӣ ба Озодагон гуфтанд, ки ҳарчанд корхона маблағи маоши онҳоро сари вақт ба бонкҳо интиқол медиҳанд, аснои гирифтани маблағи нақд аз банкоматҳо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд:«Мо аз як банкомат ба банкомати дигар мегардем. Ҳам дар Агроинвестбонк ҳам Тоҷиксодиротбонк ва дигар бонкҳо ин ҳолат ҷой дорад. Меравем, мегӯянд сабабҳои техникӣ ё пул нест. Одатан, ба ҳамин давутозҳо то 3-4 рӯз мегузарад».
Муҳаммаднабӣ, корманди як ниҳоди давлатӣ мегӯяд аввали моҳи ҷорӣ таи 4-5 рӯз натавонистаст аз банкомат пулашро гирад: «Дар тамоми банкоматҳои маҳаллаи Гипрозем, Саховату 46 гаштам пул надоранд, як хелҳояшон кор намекунанд. Аслан, дар пеши ҳайкали Исмоили Сомонӣ аз як банкомат пул мегирифтам. Дар ин ҷо бо вуҷуди он, ки бисёри рӯзҳо барои пулгирӣ навбат мешуд, аксаран дар банкомат пули нақд буд. Ин банкоматро ҳам шикастаанд. Пеши бинои Вазорати фарҳанг рафтам, ки банкомат кортамро фурӯ бурду дигар набаровард».
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд аз он, ки бонкҳо банкоматҳояшонро саривақт бо пули нақд пур намекунанд, огоҳ аст ва таъкид намуд, ки минбаъд назоратро дар ин самт шадидтар мекунад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати густариши истифодаи низоми пластикӣ дар кишвар ба ҳамаи бонкҳои кишвар дастур додаст, ки реҷаи кории худро тавре ба роҳ монанд, ки шаҳрвандон новобаста аз он, ки рӯзи истироҳат аст ё корӣ, шаб аст ё рӯз тавонанд аз банкоматҳо пул бигиранд. Ба гуфтаи Ширинов, ҳоҷат ба пули дар корти пластикӣ буда, метавонад ҳар замон ба вуҷуд ояд ва бонкҳои кишвар бояд омода бошанд дар ҳар ҷо ва ҳар вақт онро ба шаҳрвандон диҳанд.