Суғд: Райиси вилоят дар водии Зарафшон
Ахиран райиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Панҷакент омад.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз хадамоти матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд, ҷаноби Расулзода дар деҳаи Некноти Нови ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ дар расми кушоди мактаби замонавӣ, ки бо маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон сохта шудааст, иштирок намуд. Райиси вилоят пардаро аз рӯи лавҳаи хотиравии Абдунабӣ Бойматов, ки назди мактаб гузошта шудааст, гирифта, афзуд, ки Бойматов тӯли 12 сол чун мудири шӯъбаи маорифи шаҳр фаъолият намуда, барои меҳнатҳои шоистааш бо пешниҳоди мардуми деҳа мактаби нави таҳсилоти умумии асосии № 7-ум ба номи ӯ гузошта мешавад. Расулзода кушодашавии мактаби нави замонавиро ба мардуми маҳал иқдоми нек арзёбӣ кард ва ду компютерро ба мактаб аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тӯҳфа намуд.
Ҳамзамон, раиси вилоят дар идомаи боздидаш ба хоҷагии деҳқонии «Андар» ташриф овард. Ин хоҷагӣ соли 1998 таъсис ёфта, 260 аъзо дорад, замини он ҳудуди 167 гектарро ташкил медиҳад. Раиси хоҷагӣ Бобомурод Ҷӯраев изҳор дошт, ки хоҷагӣ асосан бо боғу токпарварӣ машғул буда, ҳамнчунин кишти картошка, ҷаву гандум ва офтобпарастро ба роҳ мондааст.
Инчунин, Қоҳир Расулзода аз кӯчаҳои нав мумфаршшудаи ба номи Лоиқ Шералӣ, Саъдӣ Шерозӣ ва Абурайҳони Берунии марказии шаҳри Панҷакент дидан намуд. Бояд қайд кард, ки ин кӯчаҳо бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ асфалтпӯш шуданд.