Дар Самарқанду ба ёди Тоҷикистонам ҳаме, Меҳри ҳар ду чун самар, чун қанд дар ҷонам ҳаме.
Ҳамчу ман ин ҳар ду кӯчак, аммо ҳар се дил бузург,
Ҳамчу бар ман бар ду бошад меҳри яздонам ҳаме.
Хоҳам андар Тоҷикистонам ҳамемонам ба ҷон,
Аз Самарқандам дилам кандан наметонам ҳаме.
Чашми ҳосид ҳарчи хоҳад чашми бад бар вай занад,
Кӯр созад чашми ӯро тири мижгонам ҳаме.
Нохалаф арчи бибандад ҳар роҳе-к сӯи ӯ бурд,
Сӯяш аз сӯи само ҷисмам бипарронам ҳаме.
Хуб медонам, ки торих як ба як монад ба ҷо,
Ончиро, ки кард қисмат душмани хонам ҳаме.
Меҳмони Тоҷикистон арчи хондандӣ маро,
Меҳмон не, мезбони ӯ ҳамедонам ҳаме.
Тифли ҳар ду то абад монад ба ҷону дил Ҳаёт,
Баҳри ҳарду то қиёмат ман санохонам ҳаме.
Ҳаёт Неъмати САМАРҚАНДӣ