Ифтитоҳи факултети техникӣ-муҳандисии донишгоҳи Беларус дар Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ факултети муштараки техникӣ-муҳандисии Донишгоҳи миллии техникии Белорус кушода шуд.
Тавре аз ДТТ ба Озодагон хабар доданд, дар расми кушодашавии факултети мазкур ҳайати расмии Ҷумҳурии Белорус ва муовини сарвазири кишвар Руқия Қурбонова ширкат варзиданд. Меҳмонон аз синфхонаҳо ва дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар даромадгоҳи толори донишгоҳ ба намоиш гузошта шуда буданд, дидан намуданд.
Ёдовар мешавем, ки факултети муштараки техникӣ-муҳандисии ДМТБ ва ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо ташаббуси роҳбарияти ҳар ду кишвар моҳи октябри соли 2011 дар асоси шартномаи тарафайн таъсис ёфтааст. Таҳсил дар факултети мазкур дар ду зина сурат гирифта, донишҷӯён курси якуму дуюмро дар Тоҷикистон ва курсҳои сеюму чоруму панҷум ва ҳимояи рисолаҳои дипломиро дар Ҷумҳурии Белорус ба охир мерасонанд.