Яковлев ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик омодааст. Якҷо бо «Тоҷикхориҷакор»
Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон баъди сафари дуҳафтаинаи худ аз Русия ба Душанбе баргашт.
Абдуллоҳи Қодири, сухангӯи ниҳоди мазкур зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, Девонаев бо ҳадафи ошноии бештар ба вазъи зисту зиндагии муҳоҷирон ва шароити буду боши онҳо ба Русия сафар карда буд: «Ӯдар ҷараёни боздидаш бо масъулини Хадамоти муҳоҷирати Русия, аз ҷумла бо Константин Ромодановский, роҳбари феълии ин сохтор, Валерий Яковлев, сардори раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Самара ва дигарон мулоқот анҷом дод».
Зимнан, ҷонибҳо масъалаи ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, омӯзиши забон ва дигар мушкилоти вобаста ба ин соҳаро баррасӣ намуданд. Гуфтанист, дар ин сафари Девонаев маълум гардид, ки мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ҳамоно надонистани забон, надоштани касбу кори ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ буда, чунин норасоӣ боиси он шудааст, ки муҳоҷирон дар кишвари қабулкунанда ба мушкилот рӯ ба рӯ шаванд.
Бино ба иттилои манбаъ, Валерий Яковлев зимни мулоқоташ бо Девонаев аз вазъи муҳоҷират дар минтақа хабар дода, иброз намудааст, ки ҷониби Русия омода аст бо намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва намояндагии корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» дар робита ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд. Оқои Яковлев кайд карааст, ки то 1-уми сентябри соли равон дар кайди мухочирати ин вилоят 30332 шаҳрванди Тоҷикистон хаст, ки аз ин шумора танҳо 6514 нафарашон патент ва 2289 нафарашон иҷозатномаи корӣ гирифтаанд.