Мулоқоти Нуриддин Саидов бо ҳамтои беларусиаш дар Душанбе
Нуриддин Саидов, вазири маорифи кишвар бо ҳайати расмии Ҷумҳурии Белорус бо роҳбарии вазири маорифи он- Сергей Маскевич, ректори Донишгоҳи миллии техникии Белорус Сергей Хрусталев ва декани факултети ҳамкориҳои байналхалқӣ Юлян Ярмак мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати маориф хабар доданд, зимни мулоқот вазири маорифи Белорус аз сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Минск ёдовар шуда, қайд намуд, ки президентҳои ду кишвар ҷиҳати ҷудо намудани квота барои донишҷӯёну аспирантон ба мувофиқа омада буданд. Аз ин рӯ, дар тақвият бо вохӯриҳои президентҳои ду кишвар ҳамкориҳоро дар ин самт бояд ҷоннок намуд.
Манбаъ афзуд, Сергей Маскевич ҳамзамон иброз дошт, ки акнун замоне расидааст, ки мушкилоти донишҷӯёни ду кишвар барои таҳсил аз миён бардошта шавад: «Вақти он расидааст, ки донишҷӯёну аспирантони кишвари шумо барои таҳсил ба ҷумҳурии мо фиристонида шаванд ва ё баръакс карда шавад.Мо ҳам ба мутахассисони тайёрмекардаи шумо ниёз дорем. Гап дар сари он ки имрӯзҳо нафароне ба Белорус барои мардикорӣ мераванд, ки ихтисосманд нестанд, аз ин рӯ, хуб мебуд, ин нукта минбаъд ба инобат гирифта шавад. Дар ин сурат мо метавонем онҳоро бо ҷои хоб, хӯрду хӯрок ва маоши хуб таъмин намоем».
Дар ин мулоқот Нуриддин Саидов вазири маорифи Тоҷикистон аз нақшаҳои ояндаи Вазорати маориф сухан гуфта, қайд намуд, ки шурӯъ аз соли 2014 низоми таҳсилот дар муассисаҳои олии кишвар пурра ба низоми кредитии таҳсилот мегузаранд. Инчунин, теъдоди омӯзишгоҳҳои касбӣ зиёд карда шуда, теъдоди муайяни хонандагон барои соҳибкасб шудан ба ин гуна муассисаҳо ҷалб карда мешаванд.