Ҷоизаҳои ҳаштумин ҷашнвораи Қазон ба Эрон
Синамогарони эронӣ дар ҳаштумин ҷашнвораи байналмилалии синамои мусулмони Қазон муваффақ ба касби панҷ тандис ва ҷоиза шуданд ва рутбаи аввалро дар байни дарёфткунандагони ҷавоиз ба худ ихтисос доданд.
Ба гузориши хабаргузории "Форс" ҳаштумин ҷашнвораи байналмилалии синамои мусулмони Қазони 2012, ки бо ҳузури 28 кишвар аз ҷумла Эрон, Туркия, Русия, Баҳрайн, Кувайт, Қирғизистон, Тоҷикистон, Миср, мусулмонони Амрико ва Фаронса ва ... дар Қазон - маркази ҷумҳурии Тотористон баргузор шуда буд, бо эътои ҷавоиз ба филмҳои бартар ба кори худ поён дод.
Филми "Як ҳабба қанд" барандаи се ҷоизаи аслии ҷашнвора, шомили беҳтарин филми баланди достонӣ, беҳтарин ҳунарпешаи нақши зан ва беҳтарин сенария шуд. Филми "Оксу" ба коргардони Ҳошими Зиҳӣ низ ба унвони филми мустанади кўтоҳ барандаи ҷоизаи аслии ин ҷашнвора шуд. Бар асоси ин гузориш, филми "Садои борон", ба коргардонии Ҷалоли Соъидпаноҳ ба унвони беҳтарин филми кўтоҳи достонӣ интихоб ва муваффақ ба касби ҷоиза шуд.