Сониҳаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок боиси марги се нафар шуд
Дар ин бора ба Озодагон аз РБДА-и ВКД иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи гузашта (12-09-2012) ронандаи «Мерседес-Бенс» Наҷмиддин Камолов (корманди корхонаи пахтатозакунии «Олимтекстил»), аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок дар километри 353-уми роҳ суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, аз ӯҳдаи он набаромада ба канори чапи роҳ чаппа шудааст, ки дар натиҷа чанд нафар аз мусофирони ин автомашина ба ҳалокат расидаанд.
Манбаъ мегӯяд, мусофирони автомашинаи мазкур, ки дар натиҷа ин садама ба ҳалокат расидаанд, Фирдавсбек Ахмедови 28- сола, Шаҳноза Ниёзоваи 25-сола ва Одиназода Сурайёи 19-сола мебошанд: «Ин мусфирон, баъди ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштан, ҳангоми ба беморхона интиқол ёфтанашон дар роҳ ба ҳалокат расиданд».
Худи ронанда Наҷмиддин Камолов ва мусофири дигари ӯ Оятулло Мирзоеви 25- сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта бистарӣ гардидаанд.