Аҳмадшоҳи Масъуд-муҳандиси сулҳи тоҷикон
Дар сафорати ҷумҳурии исломии Афғонистон дар ҷумуҳрии Тоҷикистон ба муносибати 11-умин солгарди даргузашти яке аз маъруфтарин фидоиёни роҳи сулҳ, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд нишасте баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш доираи васеи аҳли фарҳанг, аз ҷумла коршиносон, шоирон, намояндагони ташкилотҳои дохиливу хориҷии кишвар ширкат намуданд. Зимни ин нишаст миёни иштирочиён аз шахсият, корнамоиҳо ва хислатҳои неки ватандӯстонаи Аҳмадшоҳи Масъуд ёд карда шуд ва нақши марҳумро дар пойдории сулҳи тоҷикон муассир ва фaромӯшнашаванда арзёбӣ намуданд. Муҳиддин Кабрӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимини баромадаш гуфт, Аҳмадшоҳи Масъудро метавон муҳандиси сулҳи тоҷикон номем: « Шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд барои тоҷикон гуфтаниҳои зиёде дошт. Агар Масаъуд зинда мемонд, бо ташаббуси ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои минтақаи Осиёи миёна низ корҳои хубе, тағйироту дигаргуниҳое мешуд, ки ба манфиати ҷомеа буд».