Дафтари «Ҳосил-2012» ба фаъолият шурӯъ кард. Дар Суғд
Барои инъикоси ҳаматарафаи маъракаи ҳосилғундорӣ ва ба ҷомеъа расонидани иттилои саривақтӣ аз ҷараёни ҷамъоварии пахта аз 12 сентябри соли равон таҳти рақами 153 ва бо амри раиси вилоят ин тасмим аз сар гирифта шуд.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон Қоҳир Расулзода санади вижа «Дар бораи таъсис додани Маркази вилоятии корҳои фарҳангӣ, тарғиботу ташвиқотӣ ва Дафтари матбуоти вилоятии «Ҳосил - 2012»» ба имзо раcонид.Дар ростои амри мазкур Маркази вилоятии корҳои фарҳангӣ, тарғиботу ташвиқотӣ ва Дафтари матбуоти вилоятии «Ҳосил - 2012» вазифадор карда шудааст, ки барои инъикоси мунтазам ва ҳаматарафаи маъракаи ҷамъоварии пахта ва ташкили чорабиниҳои маданӣ-маишӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят Маркази корҳои фарҳангӣ, тарғиботу ташвиқотӣ ва Дафтари матбуотии «Ҳосил-2012»-ро таъсис диҳанд.Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини раиси вилоят Мавҷуда Бобоева гузошта шудааст.