Ду садамаи нақлиётӣ дар як рӯз мунҷар ба марги ду нафар шуд
Бар асари ду сониҳаи нақлиётӣ дар як шабонарӯз дар ҷануби кишвар ду нафар ҷони худро аз даст дод.
Тавре аз Раёсати бозрасии давлатии ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, 10-уми сентябри соли равон Сайдалӣ Қосимов, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҳангоми ҳаракат аз самти Кӯлоб ба шаҳри Душанбе дар километри 121-уми ноҳияи Данғар аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада автомашинаро чаппа кардааст, ки дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Файзигул Даминоваи 62 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари ин автомошина Холбӣ Ашуроваи 73 сола ҷароҳати вазнин бардошта, айни ҳол дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Сарчашмаи хабар иттилоъ, дод, ки худи ҳамон рӯз Саймуддин Табаров, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» аснои ҳаракат аз самти ноҳияи Ҳамадонӣ ба самти Фархор дар ноҳияи Фархор деҳаи Арча аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Бобоҷон Гадоеви 8 соларо пахш намудааст. Дар натиҷа ҷабрдидаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.