Ҷашни арусии 1100 ҷуфт аз ҷониби Кумитаи имдод Хумайнӣ
Кумитаи имдод Хумайнӣ дар Тоҷикистон ҷашни арусии 1100 ҷуфтро барпо намуд.
Саидҷаводи Разавӣ, роҳбари кумитаи мазкур зимни ин маросим ба Озодагон иттилоъ дод, ки онҳо ду роҳи кӯмак ба навхонадоронро доранд, ки яке бевосита барпо намудани ҷашни арусии онҳо ва дуюм ёри ба навхонадорон, яъне кӯмаки молию нақдӣ ба ятимон зимни хонадоршуданашон мебошад: «Танҳо дар 4 соли гузашта наздики 5 ҳазор кӯмаки нақдӣ кардем, вале ҷашни арусие, ки бевосита худи мо баргузор кардем 1100 ҷуфт аст». Номбурда илова намуд, ки дар соли равон ният доранд ҷашни арусии 100 ҷуфти дигарро барпо намоянд. Ба қавли Саидҷаводи Разавӣ дар 18 соли фаъолияти худ Кумитаи имдод аз ягон кас напурсидааст, ки ту тоҷики ё ғайри тоҷик, мусалмони ё ғайримусалмон, ҳатто напурсидаанд, ки миллаташ чист. Ӯ мегӯяд, барои кӯмак ба ниёзманд мусалмон будан шарт нест ва фарқе надорад, ниёзманд ниёзманд аст: «Ин ки бипурсем ту ки ҳасти нести хилофи усули амалии кумитаи имдод аст». Яке аз кишварҳое, ки Кумитаи имдод Хумайнӣ ҳудуди 18 сол аст ҳузур дорад -Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи Саидҷаводи Разавӣ Тоҷикистон ба онҳо, ҳам аз назари таърих, фарҳанг ва ҳам забон ягонагӣ дорад. Бояд зикр намуд, Кумитаи имдод Хумайнӣ дар 4 соли охир бештар ба корҳои омӯзишӣ машғул аст ва дар ин муддат беш аз 10 ҳазор нафарро омӯзиш додааст. Гуфта мешвад касоне, ки худашон хоҳишманд буданд қарзҳои бефоиз додаанд, ки теъдоди тавонмандшудагон ба беш аз 1000 хонавода расидааст.