Дуздии райиси «Тезпур» бо маблағи 5-у ним миллион сомонӣ
Маҳмуд Раҳматов бо иттиҳоми даст доштан дар қаллобӣ аз сӯи кормандони мақомоти интизомӣ дастгир шудааст.
Тавре Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, номбаршуда бо иттиҳоми қаллобӣ (аз худ кардани амвол ва сохтакории ҳуҷҷатҳо) муттаҳам дониста мешавад: «Раҳматов тибқи шартнома оиди қабули пардохтҳо аз 1-уми сентябри соли 2010 бо ҶСПКМ «Сомонком» ҳамкорӣ намуда, дар давраи фаъолияти кориаш бо маслиҳати пешакӣ бо муҳосиби ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» Абулатиф Қаюмов, сокини маҳаллаи 19-и шаҳри Хуҷанд, бо роҳи сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ 10 адад ва фармоишҳои пулӣ барои гузаронидани маблағҳои пулӣ ба миқдори умумии 3.230.000 сомонӣ дар моҳи майи соли 2012 тайёр намудаашро бо почтаи электронии ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» ирсол намуда, бо ин роҳ маблағи мазкурро аз худ намудааст».
Манбаъ ҳамчунин афзуд, Маҳмуд Раҳматов 2.320.670 сомонӣ маблағи пулии қабули пардохтҳои муштариёнро ба ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» аз муҳосиботи ҶДММ «Тезпур» дар асоси ҳуҷҷатҳои муҳосибии дар ихтиёраш қарордоштаро гирифта, ба муҳосиботи ҷамъияти мазкур ҳисобот пешниҳод накарда, ҷамъ ба маблағи умумии 5.550.670 сомониро азони худ намуда, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Феълан, нисбати Маҳмуд Раҳматов парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 245, қисми 4 ва 340 қисми 2, кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.