Украинҳо дар Бурҷи Милоди Теҳрон
Намоишгоҳи наққошиҳои муосири Укриана бо ҳамкории Бурҷи Милод ва Сафорати Украина дар солгарди истиқлоли ин кишвар барои умуми шаҳрвандон рўнамоӣ шуд.
Дар намоишгоҳ теъдоди 60 тоблуи наққошӣ аз се ҳунарманди бузурги Украина- шомили Игор Прокофев, Марина Шукарупа ва Анна Тулест-Понанко дар Равоқи ҳунари Теҳрони Бурҷи Милод ба намоиш даромадааст ва боздидкунандагону алоқамандон метавонанд ба сурати ройгон аз ин намоишгоҳ боздид кунанд.
Намоишгоҳи наққошиҳои муосири ҳунармандони украинӣ бо ҳадафи табодули фарҳанг ва ҳунари ду кишвар ва ошноии эрониён бо ҳунари муосири ин кишвар аз 16 шаҳревармоҳ (6 сентябр) дар Бурҷи Милоди Теҳрон ифтитоҳ шуд ва то 21 шаҳревармоҳ (имрӯз-11 сентябр) идома дорад. Дар маросими кушоиши ин намоишгоҳ сафирони кишварҳои Арманистон, Австралия, Боливи, Бразил, Қирғизистон, Уругвай, Руминия, Малайзия, Туркманистон, Булғористон, Финлонд ва Белорус низ ҳузур доштанд.