Тибқи омори расмӣ дар соли 2010 шумораи аҳолии кишвар ба 7 миллиону 616 ҳазор нафар баробар шудааст ва аз рӯи ин омор талаботи мардум ба орд дар як сол ба 1 млн. 43 ҳазор тонна ва ба гандум 1 млн. 429 тоннаро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Муҳаммадӣ Ормонов, сардори шӯъбаи зироатҳои техникӣ ва ғалладонагӣ ҳосили ғалладонаи соли 2010 як млн. 261,3 ҳазор тон буда, ки аз он 911 ҳазору 821 тон гандум мебошад. Соли 2009 ҳосили ғалладона 1,4 млн. тонро ташкил додааст.
Аз сабаби он ки соли 2009 истеҳсоли ғалладона хеле зиёд буд, (1,4 млн.) бархе аз коршиносон тахмин мезаданд, ки дар давоми сол шояд нархи гандуму орд дар бозорҳо паст гардад. Вале баръакс, дар давоми сол нархи орду гандум қиматтар шуд. Иддае аз коршиносон боло рафтани нархи ордро ба афзоиши қимати ғалла дар Қазоқистон ва оташсӯзии майдонҳои ғалладонаи Русия марбут медонистанд. Аммо ин дар ҳоле гуфта мешуд, ки дар Тоҷикистон он сол ғаллаи бесобиқа истеҳсол шуда буд ва мардуми кишварро аз вобастагии гандуми мамолики хориҷӣ метавонист камтар кунад.
Бо вуҷуди он ки 2 соли ахир истеҳсоли гандум дар Тоҷикистон зиёд шуда истодааст, аммо воридоти орд аз Қазоқистон ҳанӯз ҳам идома пайдо мекунад.
«Рекорди коғазӣ» ва воқеияти бозор
Соли 2010 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1 млн. тон гандум истеҳсол шудааст, ки тақрибан ниёзи аҳолиро бо ин намуди ғалладона метавонист бароварда созад.Талаботи мардум ба гандум бошад, 1,4 млн тон мебошад. Вале ба ҷойи он ки нархҳо арзон шаванд ё дар сатҳи муайян нигоҳ дошта шаванд, баръакс боз гаронтар шуданд. Қимати як халта орд дар бозорҳо соли 2010 аз 85 сомонӣ ба 105-115 сомонӣ баробар шуд. Ҳоло нархи як халта орд ба 140-160 сомонӣ расидааст. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки оморҳои аз ҷониби вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ пешниҳодгашта чандон воқеият надоранд. Зеро бо вуҷуди дар соли гузашта ғаллаи зиёд ҷамъоварӣ шудан воридоти орд аз хориҷ мисли солҳои пешин идома дорад. Таҳлилгари масоили иқтисодӣ, Зулфиқори Исмолиён бар ин назар аст, ки аслан истеҳсоли ғалла соли 2009 ва 2010 дар умум, бо ҷаву ҷуворӣ ва гандум беш аз 1 млн тон буд ва агар танҳо ҷамъоварии гандумро ҳисоб кунем, чандон ҳосили рекордӣ нест. Зеро гандум соли 2009 ҳудуди 700 ҳазор тон ва соли 2010 наздики як млн. тон ҷамъоварӣ гаштааст ва ин аслан ниёзи аҳолии Тоҷикистонро қонеъ карда наметавонад. Барои пурра таъмин кардани аҳолӣ тақрибан ба истеҳсоли 400-500 ҳазор тоннаи дигар ниёз ҳаст. Бо ин далел Тоҷикистон ба воридоти ғалла эҳтиёҷ дорад.
Агар деҳқон бозоршинӣ кунад, заминро ки саришта мекунад?
Ахиран, Эмомалӣ Раҳмон дар як сӯҳбаташ изҳор дошт, ки сабаби аслии болоравии нарх дар бозорҳо аз ҷониби тоҷирони беинсоф сурат мегирад. Онҳо бозорро «монополия» карда гирифтаанд ва деҳқонро ба он роҳ намедиҳанд. Деҳқон ҳеч вақт қиматфурӯш набуд. Агар вазъ ҳамин тавр идома ёбад, ҷои тоҷирон ба деҳқонон дода хоҳад шуд.
Вале соҳибкор, Шамсиддин Салимов мегӯяд, ки ин кори маъмулиест, ки як нафар дар замин кор мекунад, нафари дигар маҳсулоти ӯро ба бозор меорад ва саввумӣ онро савдо мекунад. Деҳқон агар савдогарӣ кунад, дар замин кӣ кор мекунад?, мегӯяд ӯ.
Аз як ҷониб агар тайи ду соли ахир ҳосили рекордии ғалла ба даст омада бошад, аз ҷониби дигар ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар кишвар 62 ширкат ба воридоти орд ва 23 ширкат ба воридоти гандум машғул аст. Бо ин далел хулоса баровардан мумкин аст, ки воридоти гандуму орд ниҳоят зиёд аст. Аз рӯи талаботи бозор дар сурати зиёд шудани маҳсулот нархи он низ бояд паст шавад. Лекин баръакси ин раванд ба назар мерасад. Чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ё теъдоде аз ширкатҳои воридкунандаи орду гандум бозорро монополия кардаанд ва нархро аз рӯи принсипи «олигополӣ» баланд мебардоранд ва ё аслан ҳосили рекордӣ «худнамоӣ» будаву бас.{jathumbnail off}
Исфандиёр Халилӣ