Кӯлоб: Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ «Инсоф» ба кор даромад
Ин корхона барои коркарди пахта пешбинӣ шуда, дар ду баст зарфияти коркарди 100 кип, ё ҳудуди 30 тонна пунбаро дорад.
Хабарнигори маҳаллии Озодагон мегӯяд, ин муассиа бо таҷҳизоти наву сохти украинӣ бунёд гардида, мошинолотро аз шаҳри Днепропетровск ба Тоҷикистон ворид кардаанд. Бобохон Раҳмонов, соҳибмулки корхона ба ин назар аст, ки таҷҳизоти украинӣ дар нисбат ба дастгоҳҳои хитоӣ,ки усулан дар ҳамаи корхонаҳои коркарди пахтаи ҷумҳурӣ истифода мешаванд, дар мавриди сифат ва фаъолияти зиёд бартарӣ доранд: «Инчунин дорои махсусияти сарфа намудани нерӯи барқ ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ мебошанд. Гузашта аз ин, сифати коркарди пахта низ аз таҷҳизоти сохти чиноӣ фарқкунанда мебошад».
Манбаъ афзуд, корхона ҶДММ «Инсоф» унвон гашта, масъулин кӯшиши онро доранд, ки аз адлу инсоф ва сифату самара истифода намоянд.Ин ширкати тозабунёд бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома ба имзо расондааст, ки тибқи он барои коркарди ҳар тонна нахи пахта аз хоҷагидорон ҳамагӣ 220 доллари амрикоӣ ҳақмузд ситонида мешавад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, дигар корхонаҳои пунбатозакунӣ барои ҳамин амалиёт то 280 доллар маблағ мерӯёнанд.
Дар ҳоли ҳозир 12 хоҷагии пахтакор бо ширкати «Инсоф» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, нияти беш аз 2 ҳазор тона пахтаро интиқол додан доранд.
Ба гуфти роҳбари корхона, онҳо мақсад доранд, дар ояндаи наздик дар заминаи ин корхона корхонаҳои хурди равғанбарорӣ ва истеҳсоли карбосро, ки талаботи ҳамарӯзаи аҳолӣ мебошад, ба роҳ монанд.