Авранг ва инқилоби исломӣ дар кишварҳои арабӣ
Намоишгоҳи наққошиҳои Нигори Авранг, ҳунарманди ҷавони эронӣ бо унвони "Вазъияти изтирорӣ" дар Галереяи асари Теҳрон барпо шуд.
Ба навиштаи хабаргузории "Форс" ин намоишгоҳ, ки шомили 16 тоблу бо ҳаҷми 70/ 50 сантиметр аст, ҳамаи ин осор бо акрулик ва исперӣ рӯи муқавво сохта шудаанд. Нигори Авранг дар ин наққошиҳо бар асоси шунида ва дидаҳояш иттифоқоти рухдода дар кишварҳои арабиро бар рӯи тоблуҳояш мунъакис кардааст. Вай дар баъзе қисматҳо аз рангҳои ҷилодор барои барҷастатар ҷилва додани кор истифода кардааст.
Ёдрас менамоем, Нигори Авранг мутаваллиди Теҳрон буда, 29-сола аст ва Донишгоҳи ҳунари Теҳронро ба поён бурдааст. Намоишгоҳи навбатии ӯ то 19 сентябри имсол барпо хоҳад буд.