Боздошти як духтар бо ҷурми сӯиқасд ба ҷони одам
Шахси номаълум дар кӯчаи Муҳамадиеви пойтахт зани 22 -соларо бо корд захмӣ кардааст.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, дар ин бора аризаи шаҳрванд ба мақомоти милиса дар ноҳияи Сино ворид гардидааст. Тибқи ин санад, Нигина Давлатоваи 22- соларо рӯзи 8-уми августи соли равон шахси номаълум дар назди бинои 14-уми кӯчаи Муҳамадиев бо корд зада, захмӣ кардааст.Бар асари ин ҳамла,бону Давлатова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Зимни амалиёти вижаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, Зарина Баҳодуроваи 15-сола, сокини кӯчаи Муҳамадиеви пойтахт бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят дастгир карда шуд.Феълан, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот давом дорад.