Бонувони карикартуристи Эрон дар дунё берақибанд
Баҳроми Азимӣ, ҳунарманди карикатуристи эронӣ муътақид аст, ки бонувони карикатуристи эронӣ дар сатҳи дунё берақибанд, вале тақдири шоистае аз онҳо сурат намегирад.
Азимӣ дар гуфтугў бо хабарнигори "Форс" дар бораи далелҳои муваффақияти ҳунари карикатуристони Эрон дар сатҳи дунё ва ҷоизаҳои бисёре, ки ҳунармандони ҷавони эронӣ аз мусобиқоти байналмилалӣ касб мекунанд, гуфт: агар дар ҳунари карикатур мо дар дунё ҳарфи аввалро мезанем, ба ин далел аст, ки ҳунари инфиродӣ аст, суфоришдиҳанда надорад, тафтишу баррасии бемаврид ҳам надорад, аммо бо ин ҳол ҳамаи карикатуристҳои кишварамон ҳам қоидаҳоро мешиносанд ва риоят мекунанд, бинобарин ин мавзўъ нишон медиҳад, ки дар ҳунари карикатур, агар чўб болои сари ҳунармандон набошад, онҳо худашон корашонро ба дурустӣ ва бидуни он ки даст аз по хато кунанд, анҷом медиҳанд, вале вақте мудирияти дурусте вуҷуд надошта бошад ва мураттаб тафтишу баррасиҳои бемаврид сурат бигирад, ҳунарманд ҳам бо коршиканӣ саъй мекунад аз худ дифоъ кунад.