Вазорат мегӯяд, захираи ангишт наздики 40 ҳазор тонна аст
Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, омодагиҳо барои таъминоти аҳолӣ бо ангишт идома дорад. Ба қавли онҳо феълан, захираи ангишт дар анбору нуқтаҳои фурӯши он ба зиёда аз 38 ҳазор тонна расид.
Аз вазорати мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки корхонаҳои соҳаи ангишт нақшаи солонаро, ки 220 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, пеш аз мӯҳлат иҷро намуданд. Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон ба 221,5 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110 ҳазор тонна зиёд аст. Манбаъ мегӯяд, фурӯши ангишт бо назардошти бақияи солҳои пешин дар якҷоягӣ бо воридот дар ҷумҳурӣ 240 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2011-ум 118,6 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст: «Новобаста аз иҷрои нақша айни замон, истихроҷи шабонарӯзии ангишт то 5-6 ҳазор тонна идома дорад, ки муштариён метавонанд аз ин нуқтаҳо ва анборҳо харидорӣ намоянд».
Шумораи умумии корхонаҳои фаъолро дар бахши истихроҷи ангишт масъулини Вазорати энергетика ва саноат 14 адад арзёбӣ менамоянд, ки аз ин 8 тояш хусусӣ мебошад. Чанде қабл ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби қароре содироти ангиштро ба хориҷа манъ кард.
Гуфтанист, ҳарчанд дар Тоҷикистон захираҳои бузурги ангишт вуҷуд дораду истихроҷи он ба қавли масъулин сол то сол афзоиш меёбад, вале таъмини аҳолӣ, хусусан минтақаҳои дурдасти кишвар ба он ба таври пурра роҳандозӣ намегардад.