«Тиллои сафед»-и Зафарободро бо ҳашар мечинанд
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол 100 корманди корхонаву муассиса ва шаҳрвандон барои ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Зафаробод фиристонида шуд.
Дар маросими вижае роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ва сарварони корхонаву муассисаҳо иштирок намуда, ҳашарчиёнро бо тантана гусел намуданд.
«Ҳамчунин, дар майдони назди Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд низ чорабиние бахшида ба сафарбарнамоии ҳашарчиён аз шаҳру ноҳияҳои Қайроққум, Исфара ва Чкалов сурат пазируфт»,-гуфтанд аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.