МегаФон барои хонандагону волидайн ва омӯзгорон манбаъи иттилоотӣ омода кард
Дар остонаи соли нави таҳсил ширкати «МегаФон» дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Тоҷикистон сомонаеро барои талабагон, волидайн ва омӯзгорон ба кор даровард.
Дар сомонаи нави интернетӣ феҳристи хонандагони ҳар як мактаб бо гурӯҳбандии синфҳо, маълумот оид ба ашёҳо ва дастурҳои иловагии таълимӣ ҷойгир карда мешаванд. Ҳамчунин, дар сомона гузаронидани онлайн-олимпиадаҳо, гузоштани натиҷаҳои имтиҳонот ва аксҳо аз чорабиниҳои мактабӣ имконпазир хоҳад буд. Ба таъмин кардани сомона бо маълумот маъмуроне, ки ба ҳар як муассисаи таълимӣ вобаста карда шудаанд, машғул мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, сарвари иҷроияи ширкати «МегаФон» Андрей Шишковский ба хабаргузории Озодагон гуфт, сомонае, ки аз ҷониби ширкати мо кушода шудааст, бояд ба як майдони табодули маълумот миёни макотиби тамоми ҷумҳурӣ табдил ёбад. Ба ғайр аз ин он имкон медиҳад, ки ҷараёни таълими ҳар як муассисаи таълимии мушаххас барои ниҳоди нозир боз ҳам фаҳмотар гардад. Дар ин ҳолат Вазорати маориф ва волидайн имкон пайдо мекунанд, ки оид ба ҳодисаҳои вобаста ба ҳаёти мактаб ва ҳаёти кӯдакашон ба зудӣ огоҳӣ пайдо намоянд. Гуфта мешавад, сомона дар сатҳи коркард қарор дошта, тайи як сол бо маълумот пур карда мешавад.