ИМА алайҳи «Ҳаққонӣ» иқдом намуд
Ҳукумати ИМА тасмим гирифтааст, шабакаи «Ҳаққонӣ»-ро, ки дар Покистон мустақар аст, ба феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ шомил созад.
Бино ба иттилои рӯзномаи New York Times созмони «Ҳаққонӣ» дар ташкили ҳамла алайҳи хизматчиёни ҳарбии Амрико дар Афғонистон муттаҳам мешавад. Мақомоти ИМА гурӯҳи мазкурро масъули муҳосираи меҳмонхонае дар Кобул дар моҳи июни соли равон ва ҳамла ба сафоратхонаи Амрико дар пойтахти Афғонистон дар сентябри соли сипаришуда, медонад.То имрӯз, департаменти давлатии ИМА аъзоёни алоҳидаи гурӯҳи «Ҳаққонӣ»-ро дар рӯйхати террористон шомил карда буд.
Маврид ба тазаккур аст, ки гурӯҳи «Ҳаққонӣ» аз сӯи Ҷалолиддини Ҳоққонӣ ташкил шудааст.Ӯ яке аз қумандони саҳроии Афғонистон маҳсуб мешавад, ки зери роҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр «карера» сохтааст. Соли 1992 баъди ба сари қудрат омадани муҷоҳиддин, ӯро вазири адлия таъин карданд. Замони толибон бошад, дар вазифаи вазири марз, вазири кор бо асирон ва волии музофоти Пактиё фаъолият кардааст. Солҳои 90-ум Ҳоққонӣ яке аз пешвоёни ҳаракати Толибон маҳсуб меёфт. Баъди оғози амалиёти низомии НАТО алайҳи Толибон гурӯҳи «Ҳоққонӣ»-ро таъсис дод.