Бозори «Корвон» 100 фоиз аз ҳисоби маъмурияти бозор барқарор мешавад
Дар ин бора, райиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқоташ бо соҳибкорон иброз дошт.
Шафқат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт ба Озодагон гуфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев бинобар сабаби сӯхтори шоми 5 сентябр ба амаломада дар ҶДММ «Бозори Корвон» аз ҷойи ҳодиса дидан намуда, бо соҳибкорони бар асари сӯхтор зарар дида мулоқоти рӯ ба рӯ доир сохт: «Зимни мулоқот зикр сохт, ки шаҳрдорӣ нахоҳад гузошт, ки дар пайомади сӯхтори рухдода ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон аз ҷониби соҳибмулки бозор поймол карда шавад. Бо хулоса аз натиҷаи мулоқоти доирнамудаи хеш бо соҳибкорон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдориро бо иштироки масъулини прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ, сохторҳои зиддахли шаҳрӣ ва ҶДММ «Бозори Корвон» баргузор намуда, чиҳати дар доираи қонунгузорӣ дақиқан ҳаллу фасл намудани қазияи мазкур гурӯҳи кории босалоҳиятро таъсис дод».
Дар ҷаласа тибқи изҳороти директори иҷроияи ҶДММ «Бозори Корвон» Ҳалима Мавлонова қарор гардид, ки барқарорсозии ҳудуди бар асари сӯхтор харобгардидаи бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон» сад дар сад аз ҳисоби маъмурияти бозор барои идомаи фаъолияти соҳибкорон барқарор карда мешавад.
Ҳамзамон, Бонки миллии Тоҷикистон баҳри дастгирии соҳибкорон мӯҳлати баргардонидани қарзҳои соҳибкоронро аз ҳисоби бонкҳои қарздода ду маротиба тамдид менамояд. Убайдуллоев ҳамчунин гуфт, раванди корҳои таҳқиқӣ ва барқарорсозии бозори харобгардида зери назорати шахсии раиси шаҳр сурат гирифта, дар ин зимн нахоҳад гузошт, ки ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон поймол гардад.