Рўзи фарҳанги паҳлавонӣ ва варзиши зўрхонаӣ вориди тақвими Эрон шуд
Дар тақвими соли ояндаи Эрон бино ба пешниҳоди Шўрои фарҳанги умумӣ чанд муносибати нав дохил карда шуд.
Тибқи иттилои расида, ин тағйирот ба таври зер аст:
-Рўзи ҳунари Инқилоби исломӣ( солрўзи шаҳодати шаҳид Овинӣ,коргардони синамо) - 20 фарвардин.
- Рўзи фарҳанги паҳлавонӣ ва варзиши зўрхонаӣ- 17 шаввол.
- Рўзи ҷаҳонии маълулон - 12 Озар.
-Рўзи эминӣ дар баробари зилзила ва офатҳои табиӣ - 20 меҳр
- Рўзи эҳтироми модарон ва ҳамсарони шаҳидон - 13 ҷамодиссонӣ
-Рўзи адабиёти кўдакон ва навҷавонон( солгарди даргузашти марҳум Маҳдии Озари Яздӣ)- 18 тир.
Ин муносибатҳо барои тасвиб дар дастури кори ҷаласаи Шўрои олии инқилоби фарҳангӣ қарор гирифтаанд. Дар ин бора хабаргузории "Форс" иттилоъ додааст.