Мири пойтахт дар назди тоҷирони бозори «Корвон» суханронӣ карда, дар ин бора изҳор дошт.
Убайдуллоев гуфт, барои таъсиси комиссияи вижа бо шумули кормандони прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ, додгоҳ, Бонки миллӣ ва раҳбарияти Ассотсиатсияи соҳибкорон ҷиҳати муайян кардани хисороти молӣ супориш хоҳад дод ва аз ҷамъомадагон даъват кард, ки намояндаашонро мустақилона ба ҳайати комиссия шомил намоянд. Райиси шаҳр гуфт, тафтишоти қазияи сӯхтори «Корвон» мунсифонаву шаффоф сурат гирифта, шахсан худаш кори
онро назорат менамояд.
Убайдуллоев ҳамчунин ба тоҷирон рӯ оварда гуфт, ки шумо аз оддитарин ҳуқуқҳои худ огаҳ нестед ва бо маъмурияти бозори «Корвон» шартнома надоред. Ӯ ваъда кард, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои аз ҷониби тоҷирон гирифташуда ду сол тамдид гардида, бозор бидуни истифодаи маблағҳои тоҷирон дубора сохта мешавад.