Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба тоҷирони «Корвон» гуфтааст, ки раиси бозор аз он сабаб ба наздатон набаромад, ки ӯро гурезонданд.
Раиси шаҳри Душанбе ба Прокатураи генералӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар муасиссаҳо супориш дод, ки ба фурӯшандаҳо ва соҳибкорони бозори "Корвон", ки рӯзи гузашта молу колояшон сӯхтааст, қарзи дарозмудат дода шавад, то ин ба ҳали мушкилоти онҳо мусоидат кунанд.
Инчунин, Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд кардааст, ки сӯхтори ба амал омада аз бемасъулиятии раиси бозори мазкур мебошад, чунки то ҳол «Корвон» шароити мувофқ ба чунин бозори калонро надорад.
Ӯ мегӯяд, «Агар роҳбари Бозори «Корвон» ман мебудам, барвақт ин бозорро барҳам дода, дар дигар ҷо бо шароити хубтар бозори дигар ташкил медодам.»
Ба қавли Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар ин ҷо ҳамаи «паразитҳо ва пулхӯро ҷамъ шуданд».
Феълан барои муайян намудани зарар ва миқдори лозимаи маблағ барои қарзи дарозмудат, миёни тоҷирон гурӯҳе аз 7 то 20 нафара бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ташкил карда мешавад.