Баъд аз зӯҳри дирӯз президенти Тоҷикистон шоҳигарии Люксембургро ба қасди боздид аз Маҷористон тарк кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар Будапешт президенти Маҷористон Пал Шмитт ба ҳузур пазируфт. Маросими истиқболи расмӣ тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ ҷараён гирифт. Зимнан, дар нишасти сарони ду кишвар дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.
Ёдрас менамоем, Маҷористон чорумин кишвари аврупоист, ки тайи 5 рӯзи ахир Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати ҳукумати Тоҷикистон аз он боздиди расмӣ мекунад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Страсбурги Фаронса дар шӯрои Аврупо ва парлумони он мулоқоту суханронӣ намуда, аз кишварҳои Австрия ва Люксембург низ боздиди расмӣ анҷом дод.