Додхоҳии тоҷирони «Корвон» аз маъмурияти бозор
Фурӯшандаҳо ва соҳибкорони бозори "Корвон", ки рӯзи гузашта молу колояшон сӯхтааст, дар назди дарвозаи мудири фурӯшгоҳ ҷамъ шудаанд.
Бино ба иттилоъи хабарнигори Озодагон, ки алъон дар бозори «Корвон» қарор дорад, шумори тоҷирони ҷамъшуда ҳудуди 100 нафар мебошанд. Онҳо иддао доранд, ки барои эмин мондан аз сӯхтор ба маъмурияти бозор маблағи алоҳида мепардохтанд: «Зимнан, тайи се соат, ки тазоҳуроти тоҷирон идома дорад, касе аз маъмурияти бозор ба назди эшон набаромадааст, тоҷирон бошанд, даъвои рӯшан шудани мавқеъи масъулинро доранд, ки чаро бозор соле як ва ё ду маротиба оташ мегираду ҷуброни моли онҳоро касе пардохт намекунад».