Тақрибан соати 17-у 40 то 17-у 43 дақиқаи шоми имрӯз (5-уми сентябри соли 2012) дар бозори мавсум ба «Корвон»-и Душанбе сӯхтор ба амал омад.
Дар сӯҳбат бо гурӯҳи хабарнигорони Озодагон, ки пас аз чанд лаҳзаи сар задани оташсӯзӣ ба маҳалли ҳодиса расиданд, чанд тан аз тоҷирони бозори мазкур ин сӯхторро қасдан унвон намуданд. Ҳарчанд масъулини Хадамоти оташнишонӣ иллати сар задани сӯхторро ҳанӯз «номаълум» гуфтанд, вале фарзияҳои зиёде миёни савдогарон вуҷуд дорад….
Тафсилоти бештар пас аз чанд лаҳза дар бахши гузориш нашр мешавад.