Ҷоизаҳои Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар Суғд эҳдо гардиданд
Қарори навбатии раиси вилоят дар ин бора ба тасвиб расид
Зимнан, Қоҳир Расулзода ин санадаро таҳти рақами 221 дар бораи сарфароз гардонидан бо ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар соли 2012 ба тасвиб расид.
Бо қарори марбута нависанда Муҳаммад Субҳон, шоира Гулноз, муҳаррири телевизиони вилояти Суғд Лола Раҷабова, карнайсоз-усто Мирзо Мансуров, мусаввир Юсуф Юсуфов, ҳунарпеша Тоҷинисо Ниёзова сазовори ҷойизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Аброр Мирсаидов,доктори илмҳои иқтисодӣ ва дотсент Саидумрон Саидов ба ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2012 сазовор гардиданд.