Пешниҳоди 10 ҳазор ҷойҳои кори холӣ барои корҷӯён
Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 10 ҳазор ҷойҳои кори холиро барои корҷӯён пешниҳод намудааст.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз агентии мазкур иттилоъ доданд, корҷӯён имкни интихоби ҷойҳои нави кориро дар дохил ва хориҷи кишвар метавонанд аз тариқи сомонаи «Махзани миллии маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ» бо суроғаи www.kor.tj дарёфт намоянд: « Фаъолияти сомонаи мазкур бевосита ба эҳтиёҷоти шаҳрвандони бекор, корҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва корфармоён нигаронида шудаааст. Дар он маълумоти муфассал доир ба ҷойҳои кории холӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, навигариҳо дар бораи вазъи бозори меҳнат, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ, пурсишномаҳои сотсиологӣ, тадқиқотҳо доир ба вазъи бозори меҳнат ҷой дода шудааст».
Манбаъ мегӯяд, шаҳрвандон маълумотҳои гуногунро вобаста ба музди меҳнат, шароити корӣ, маълумот дар хусуси касбомӯзӣ дар марказҳои таълимӣ ва ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ аз сомонаи мазкур имкони пайдо кардан доранд: «Арзу шикоятҳои худро доир ба фаъолияти мақомоти мазкур пешниҳод намоянд. Мо интизори ҳамкории мутақобилан сӯдманд бо шаҳрвандон, шарикони иҷтимоӣ, корфармоён ва дигар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ мебошем», афзуд манбаъ.