Беш аз 15 фоиз боло рафтани нархи биринҷ дар Тоҷикистон
Тайи як соли охир ин маҳсулоти хӯрокворӣ то ба имрӯз беш аз понздаҳ дарсад қимат шуда, феълан аз рӯи маълумоти расмӣ арзиши он ба ҳисоби миёна 8 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, моҳи сентиябри соли гузашта як килло биринҷ дар бозорҳои пойтахт ба ивази 7 сомонию 65 дирам дар фурӯш буд: « Ҳоло аз ҳама нархи гарон дар дӯконҳои биринҷфӯрушии бозори «Шоҳмансур», «Саховат» ва «Варзоб» ба назар мерасад, ки як килло биринҷ 9 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудааст».
Нархи аз ҳама арзони биринҷ дар шаҳри Душанбе дар бозори «Деҳқон» мушоҳида карда шуд, ки як киллои он ба 8 сомонӣ баробар мебошад.