Эмомалӣ Раҳмон аз «Водии силикон»-и Ҳиндустон дидан намуд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафари корияш ба Ҳиндустон ба маркази иёлати Карнатакаи ин кишвар- шаҳри Бангалор рафта бо Хансраҷ Бҳарваҷ, губернатори ин иёлат мулоқот намуд.
Тавре аз маркази матбуотии раисҷумҳур ба Озодагон иттилоъ доданд, президент аз чанд корхонаҳои технологии шаҳри Бангалор, аз ҷумла аз корхонаи истеҳсолии ширкатҳои HAL ва Infosys Technologies Limited дидан намуд: « Ааён гардид, ки дар воқеъ Бангалор шаҳри дорои тараққиёти хуби иқтисодию техникӣ буда, ба манзури пешрафтҳои босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва навовариҳояш “Водии силикон” ном гирифтааст». Эмомалӣ Раҳмон ва Хансраҷ Бҳарваҷ зимни мулоқоташон масоили ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ин минтақаи рушдкардаи Ҳиндустонро баррасӣ намудаанд. Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати мошинсозӣ, истеҳсоли маводи электронӣ, телекоммуникатсионӣ, шоҳибофӣ, соҳаҳои биотехнология, кишоварзӣ, аз ҷумла зироатҳои донагӣ ва ороишӣ, гулпарварӣ ва ашёи хоми шоҳӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.