Милиса ҷавонони «авбош»-ро ҷустуҷӯ дорад
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт боз як гурӯҳ ҷавононро бо ҷурми авбошӣ дастгир карданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар пайи амалиёти мазкур Юсуф Носирови 29 сола, сокини кӯчаи Қабодиён, Маҳмад Ҷобирови 29 сола, сокини кӯчаи Лӯчоб, Алишер Салимови 23 сола, сокини кӯчаи Навободи пойтахт боздошт шудаанд.
Манбаъ афзуд, ки ин нафарон рӯзи 3-юми сентябр дар назди нуқтаи шустушӯи мошинҳо, воқеъ дар кӯчаи Карамови пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ Хайрулло Алиеви 49 сола, соҳибкор, Баҳрулло Алиеви 23 сола, Алишер Алиеви 22 сола, сокинони кӯчаи Фирӯз ва Парвиз Олимов 27 сола, сокини кӯчаи Нусратулло Махсумро лату кӯб намудаанд. Дар натиҷа ҷабрдидаҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
«Феълан, барои дастгир кардани ҷинояткорони дигар чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад»,-афзуд манбаъ.