«Амонатбонк»: Се бинои дигар мавриди истифода қарор мегирад
То моҳи августи соли равон се бахши ноҳиявии «Амонатбонк» соҳиби бинои нав мегарданд. Дар ин бора ба «Озодагон» Одинашо Муродов, масъули дафтари матбуотии бонки мазкур иттилоъ дод. Бино ба қавли ӯ, дар навоҳии Панҷ, Мурғоб ва Шаҳристон аз моҳи феврали соли равон бунёди биноҳои идоравӣ шурӯъ гардид.
Мавсуф гуфт, феълан корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои мазкур идома дошта, қабл аз ҷашни истиқлол ба истифода дода хоҳанд шуд. Назорати сохтмонҳои мазкур ва меъмории онро хадамоти меъморӣ ба ӯҳда гирифта, ҳамаи корҳо тибқи лоиҳа анҷом меёбанд. Гуфта мешавад, ҷиҳати бунёди бинои «Амонатбонк» дар ноҳияи Панҷ 643 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст ва ин иншоот пас аз чанд рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.{jathumbnail off}