Ҷоизаи мазкур 3-юми майи соли равон таъсис ёфт ва то 3-юми майи соли 2012 идома хоҳад ёфт. Ба қавли номбурда барои натиҷагирӣ кардан аз фаъолияти як солаи ВАО-и кишвар дар робита ба ноил шудан ба ин ҷоиза комиссияи махсусе таъсис дода шудааст ва онҳо нигоштаҳои ҳаррӯзаи ҳамкасбонамонро натиҷагирӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, минбаъд озмуни мазкури шӯрои ВАО-и кишвар ба беҳтарин журналист дар ҳамин вақт гузаронида мешавад ва дар он чӣ қадар ки иштирокчиён зиёд бошад, ба манфияти кор аст.
Ёдрас менамоем, шўрои ВАО-и кишвар 30 октябри соли 2009 таъсис ёфтааст ва роҳбари ин ниҳод то моҳи апрели соли 2011 ба зиммаи профессор Иброҳим Усмонов буд.