Сайре дар “Гулгаштҳо дар даштҳо”, нахустин маҷмӯаи ашъори Кӯҳёри Аршадниё, шоири форсизабони зодаи Узбакистон.
Мовароуннаҳр ҳамвора хостгоҳу болишгоҳ ва маҳалли рӯиш ва нумӯи андешаҳои рӯшан ва бикр ва ашъори тозаву салис будаасту ҳаст. Ҳарчанд дар дарозои таърих дар ин минтақа қудратҳое будаанд, ки дар паи барандохтани дарахти тануманди адаби форсӣ ва қатъи решаҳо ва навдаҳои он будаанд, вале ҳар бор ин дарахти дерпо бо таҳаммули ин заработ муҳкаму амиқтар ва тавонотару нерӯмандтар шудааст. Фарзандони меҳандӯсту бономуси он дар ҳифзу бақои забону адаби борвари форсӣ ва пӯёии он талошҳои мустамар ба харҷ додаанд. Ин раванд имрӯз низ идома дорад, вале на бо он таровишу иштиёқи пешин.
Кӯҳёри Аршадниё (Чоршанбе Эрмӯъминов) аз ҷумлаи ин афроди бедор аст, ки ахиран дар шаҳри Машҳади Эрон китоби ашъори худро бо номи “Гулгаштҳо дар даштҳо” мунташир намудааст, ки дар ҳақиқат ин нахустин дафтари шеъри ӯ зодаи табъи шаккархо ва эҳсосоти отифии ӯст.
Аршадниё баҳори соли 1968 дар шаҳраки Дарбанди шаҳристони Бойсуни устони Сурхондарёи Узбакистон таваллуд шуда, соли 1994 риштаи ховаршиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба поён бурда, дар ҳоли ҳозир дар бахши узбакии “Садои Хуросон” машғули фаъолияти адабӣ аст.
Шоири пурэҳсос дар нахустин дафтари шеъраш, ки ба рӯҳи поки падараш бахшида шудааст, ба сифати гӯяндаи пурталоше буруз мекунад, ки дар паи тозагии муҳити маънавии ҷомеа ва муназзаҳ намудани рӯзгори муосирон аз хисоли накӯҳида аст.
Вай китоби худро бо тақлид аз девонҳои гузаштагон бо номи Холиқи Зулҷалол оғоз менамояд ва сифоти Борӣ Таолоро бо сабку шеваи хеш ин гуна ба қалам медиҳад:
Ба номи Сароғози оғозҳо,
Ниҳонсозу ҳам ношири розҳо.
Ҳамон нур, к-аз дур ҷазбам намуд,
Бувад қудрате баҳри парвозҳо.
Надонам хаёлоти ман то куҷо,
Биҷӯяд нишоне аз овозҳо.
Кунун ҷабри сабрам диҳад лаззате,
Дар ин сайр ҳамчун дигар созҳо.
Мусофир сафар кун, ба рағми хатар,
Ба роҳе дарозу пур аз нозҳо. Ин “мусофир“, ки худи шоир мебошад, дар пешорӯи хеш мушкилоту мавонеъи зиёд дорад, ки бо сайри хаёл аз онҳо бебокона убур мекунад ва барояш ҳаёт арсаи корзору мубориза аст, ки ба қавли Алломаи Иқбол «агар хоҳӣ ҳаёт андар хатар зӣ».
Ба ақидаи шоир шеъри ӯ маҷмўаи дарду андӯҳ ва эҳсоси ғарибест, ки аниси рӯзу шабони танҳоии ӯст ва ба он дил бастааст:
Шеъри ман ҳисси ғарибӣ,
Ҳамдаму унси қарибӣ.
Маст дориам ҳамеша,
Дардҳоямро фиребӣ.
Ҳам шукӯҳи шикваамро,
Андалебӣ, андалебӣ.
Жарф бингар рози манзар,
Ҳам хазонро бошикебӣ. Шоир дар миёни неъматҳои дунё қаламро танҳо дастмояи худ медонад, ки дар ҳар шебу фароз варо такягоҳу пуштибон будааст ва аз инки насибаш аз дору маноли дунё сухан ва қалам шудааст, хушҳолу хурсанд аст:
Фаровон буд неъматҳои дунё,
Насибам ҷомае аз дарду ғам шуд.
Фиғон кардам, даридам ҷомаи худ,
Ҷасоратбахши ман меҳри қалам шуд.
Аламро метавон пинҳон намудан,
Замоне гар забони завқ зебост.
Қалам, хилватгаҳу як баста коғаз,
В-аз ин он соз,к-аз майли ту пайдост. Ба ҳар сурат, китоби аввалини шоири ҷавон баёни дарду мушоҳидаҳои шогирдонаи ӯ аз зебоиҳои зиндагӣ ва лаҳзаҳои бебозгашти он аст, ки хонандаи закитабъ аз мутолиаи он бо дардҳои гӯянда ошно мешавад.
Китоби «Гулгаштҳо дар даштҳо» 1000 нусха ва бо забони форсӣ дар интишороти «Мисоқ»-и шаҳри Машҳад дар 86 саҳифа бо хати форсӣ ва сириллик мунташир шудааст.
Шоҳмансури Шоҳмирзо, шаҳри Теҳрон