Дар пойтахт бо Зокир Вазиров видоъ мекунанд
Имрӯз дар масҷиди ҷомеъи маҳаллаи Яккачинори пойтахт, маросими видоъ бо Зокир Вазиров сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Озарбойҷон баргузор мегардад.
Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон Давлат Назриев , сардори Раёсати иттилоот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Маврид ба ёдоварист, Зокир Вазиров тайи ду моҳи охир аз бемории сактаи қалб азият мекашид ва дар беморхонаи шаҳри Боку бистарӣ буд.
Зокир Вазирови 65 сола, зодаи ноҳияи Тавилдара буда, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм намудааст. Доктори илми фалсафа ва мутахассиси соҳаи фалсафаи иҷтимоии Ислом ва иқтисод буд. Муаллифи беш аз 200 асару мақолаи илмӣ аст.
Зокир Вазиров соли 1993 дар ҳукумати Тоҷикистон дар вазифаҳои вазири маориф, вазири шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ, муовини сарвазир ва ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат фаъолият намудааст. Аз соли 2008 то инҷониб вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Озарбойҷонро бар дӯш дошт.
Дар маросими видоъ бо марҳум масъулини ҳукумати Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.