1,7 миллион доллар барои истифода додани системаҳои нави обтаъминкунӣ
190 ҳазор ахолии Тоҷикистон бо оби тозаи нушокӣ таъмин мешаванд.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, дар давоми се соли охир, ҳукумати ИМА тавассути USAID зиёда аз 1,7 миллион доллар дар сохтан ва барқарор намудани 57 системаҳои обтаъминкунӣ ҷудо намудааст, ки онҳо 190 хазор нафарро дар саросари Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд.
Кордори Сафорати ИМА Сара Пенхюн, ки дар маросими ифтитоҳи ба истифода додани системаи нави обтаъминкунӣ дар деҳаи Пахтаободи ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш ширкат меварзид афзуд: “Системаи нави обтаъминкунӣ дар деҳаи Пахтаобод, ки дар доираи лоиҳаи хурд барқарор шудааст, яке аз 29 лоиҳаҳои хурди обтаъминкунӣ буда, аз ҷониби лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ гардидааст. Лоиҳаи TSDWP ба беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ тавассути барқарор намудан ва сохтани инфрасохтори таъмини оби тозаи нӯшокӣ мусоидат намуд”.
Гуфтанист, лоиҳаи номбаршуда 53 маҳаллаи 9 ноҳияи зерини интихобгардидаро фаро мегирад : Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Файзобод, Бохтар, Сарбанд, Вахш, Хуросон ва Рӯдакӣ. То ба анҷом расидани ин лоиҳаи, моҳи сентябри соли 2012, USAID тасмим гирифтааст, ки 100 хазор соқини манотиқи деҳотро дар қаламрави Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намояд.