Барои коркарди партовҳо дар Душанбе 170 миллион евро масраф мегардад
Барои тадбиқи лоиҳаи коркарди партовҳо ва истеҳсол намудани ашё ва энергия аз он Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон ва 4 ширкату корхона- «Тоҷинвест», «ТоҷПлаза», «Eurodevelopment» ва «IPP Projects» ёддошти тафоҳум имзо карданд.
Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи мазкур бо роҳбарони ширкатҳои довталаб ҷиҳати тадбиқи лоиҳа вохӯрӣ доир намуда, дар доираи ваколатҳои худ таъмини дастгирӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи кумитаро баҳри амалигардонии он иброз доштааст: «Дар доираи ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ сохтмон ва ба истифода додани комплекси муосир оид ба коркади партовҳои маишӣ дар шаҳри Душанбе ба назар гирифта шудааст, ки хароҷоти умумии лоиҳа тақрибан 170 миллион евроро ташкил хоҳад дод».
Гуфта мешавад, зери ёддошти тафоҳум директори генералии КВД «Тоҷинвест», Наҷмуддинов Б. Ш., роҳбарони ширкатҳои ҶДММ «IPP Projects» Харро Посель, ҶСП “ТоҷПлаза” Шафиева З.Б. ва ҶДММ “Eurodevelopment” Нормунд Калнинш имзо гузоштаанд.