Даргузашти Зокир Вазиров дар Озарбойҷон
Шоми дирӯз сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зокир Вазиров даргузашт.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Давлат Назриев , сардори Раёсати иттилоот, таҳлил ва таҳррезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Тавре, ки манбаъ иттилоъ дод, Зокир Вазиров тайи ду моҳи охир аз бемории сактаи дил азият мекашид ва дар беморхонаи шаҳри Боку бистарӣ буд.
Зокир Вазиров 65 – сола, зодаи ноҳияи Тавилдара буд. Марҳум хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, доктори илми фалсафа ва мутахассиси соҳаи фалсафаи иҷтимоии Ислом ва иқтисод буд. Муаллифи беш аз 200 асару мақолаи илмӣ аст.
Маврид ба ёдоварист, ки Зокир Вазиров соли 1993 дар ҳукумати Тоҷикистон дар вазифаҳои вазири маориф, вазири шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ, муовини сарвазир ва ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат буд. Аз соли 2008 то инҷониб вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Озарбойҷонро бар дӯш дошт.