Ҳудуди беш аз 270 килограмм маводи мухаддир дар шимоли Тоҷикистон дарёфту мусодира гардидааст.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» ин иттилоъро имрӯз шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РКД вилояти Суғд тайид карданд. Гуфта мешавад, тайи панҷ моҳи соли равон аз тарафи кормандони мақомоти интизомии шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 274 килою 967 грамм маводи нашъадор кашфу мусодира шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 201 килограмм зиёд аст
Аз ин миқдор зиёда аз 6 кг маводи сахттаъсири ҳероин, 254 кг бангдона, 891 грамм афюнро ташкил медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, аз рӯи ин ҷиноятҳо 111 парванда бо моддаи 200-и КҶ ифтитоҳ шуда, бархеи онҳо анҷом ёфтаанд ва боқимонда дар баррасии мақомоти марбута қарор доранд.