Гази моеъ боз камёфт шудааст
Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкати «Газпромнефт – Тоҷикистон» рӯзҳои охир боз камбуди газ ба мушоҳида мерасад.
Фирӯз як ронанда аз шаҳри Душанбе мегӯяд, дар чанд нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газпромнефт – Тоҷикистон» гази моеъро наёфтааст.
Кормандони нуқтаҳои фурӯш мегӯянд, газ ба нуқтаҳояшон ворид нашуда истодааст. Масъулини «Газпромнефт – Тоҷикистон» иқроранд, ки воридоти гази моеъ коҳиш ёфтааст ва инро барои моҳи август падидаи муқаррарӣ арзёбӣ мекунанд.
Дар нуқтаҳои дигари фурӯши гази моеъ айни ҳол нархи як литр 3 сомонӣ нишон дода шудаст. Дар ҳоле, ки ҳамагӣ 10 рӯз пеш бо супориши раиси Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев ин нишондод аз ҳадди 2,3 сомонӣ боло набуд.
Масъулини ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ва Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон яке аз мушкилоти таъмини мӯътадилиятро дар бозори газ, набудани ҷой барои захираи он меноманд. Бино бар ин дар сурати каме ба таъхир афтодани воридоти навбатӣ дар бозори гази моеъ даррав камбуди он ба мушоҳида мерасад.
Дар Тоҷикистон дар паи афзоиши нархи бензин талабот ба гази моеъ афзоиш ёфта, нишондоди моҳонаи он аз 5 – 6 ҳазор тонна то 10 – 11 ҳазор тонна расидааст.