Тавре ба «Озодагон»,Шафкат Саидов, ёвари райиси Маҷлиси Миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ иттилоъ дод, 10-уми июн Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири фавқулодда ва мухтори шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Бандар Муҳаммад Ҷамил Маҳмудро бо хохиши ӯ ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев дипломати арабро бобати таъин шуданаш ба ҳайси нахустин сафир дар Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид ва изҳори боварӣ намуд, ки бо фаъолияти ӯ дар ин вазифаи олӣ, ки дар кишвари мо шурӯъ кардааст, сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама дар самти иқтисодӣ тақвияти тоза касб хоҳанд кард.
Сарчашмаи хабар афзуд, ҷаноби Бандар Муҳаммад Ҷамил Маҳмуд бо сипосмандӣ аз қабул, мӯҳтавои сӯҳбат ва пазироӣ аз пешниҳодоти райиси Маҷлиси миллӣ иброз дошт, ки бобати расидан ба ҳадафҳои созанда, ки баҳри рушди муносибатҳои мутақобилан судманди кишварҳо нигаронида шудаанд, тадбирҳои судмандро амалӣ месозад.Аз ҷумла, изҳор дошт, ки ҳамчун қадами нахустин ҷониби сафорат тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик баҳри тақвияти ҳамкориҳо оид ба муаррифии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони Арабистони Саудӣ ба кишвари афсонавии Тоҷикистон сафари ҳайати бонуфзи роҳбарони Агентиҳои сайёҳии Арабистони Саудиро ташкил намояд, ки бо итминон он метавонад дар пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ нақши муассир гузорад.{jathumbnail off}