«Марги журналист»-и Хуршеди Атовулло ба экран мебарояд. Бо номи «Журналист»
Аъзам Розиқов, як коргардони ҷавони кинои тоҷик аз рӯи асари мазкур филм бардоштааст.
Тибқи иттилоъ, наворбардории филм 50 рӯз идома карда, сужаҳои алоҳидаи он дар Душанбе ва ноҳияи Ёвон ба навор бардошта шуданд. Розиқов гуфтааст, ки ин филм дар бораи кор ва фаъолияти як нафар журналист буда, палӯҳои воқеии зиндагиашро нишон медиҳад.
Ҳунармандони кино ва театр- Исфандиёр Ғуломов, Қурбони Собир, Давлат Убайдуллоев, Моҳпайкар Ёрова дар ин филм нақш офарида, коргардон-таҳиягари он Ризо Фотеҳии эронӣ аст. Аъзам Розиқов мегӯяд: «Ман барои бардоштани ин филм се сол кӯшиш кардам. Албатта, худи асар барои филм бениҳоят мушкил аст. Аз ин рӯ, мо баъзе ҷойҳои сужаро тағйир додем ва номи филмро «Журналист» гузоштем».