Қарзи «Барқи тоҷик» 379 миллион сомонӣ аст. 69 миллион аз як соли пеш зиёдтар
Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» сабабгори асосии афзоиши қарздориашонро дар назди буҷет ҷаримаҳо мегӯянд, ки Кумитаи андози кишвар барои саривақт напардохтани андозҳо нисбати ин ширкат татбиқ мекунад.
Намояндагони «Барқи тоҷик» изҳор медоранд, ки аксари қарзҳои ширкат солҳои пеш ташаккул ёфтаанд ва айни ҳол асосан аз ҳисоби ҷаримаҳо афзоиш ёфта истодаанд. Аз ҷумла, ба иттилои масъулин, «Барқи тоҷик» танҳо дар моҳи июн 20 миллион сомонӣ андоз пардохт намудаст. Дар ҳоле, ки солҳои пешин тақрибан ҳамин қадарро пулро дар як сол пардохт менамуд. Намояндагони Кумитаи андоз ба ҳолати аввали моҳи июл ҳаҷми қарзи «Барқи тоҷик»- ро аз андоз 379 миллион сомонӣ арзёбӣ мекунанд, ки нисбати аввали соли ҷорӣ 69 миллион сомонӣ зиёд шудаст.
Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди нисбатан беҳтар шудани андозсупории ширкати «Барқи тоҷик» ин ширкат ҳамоно калонтарин қарздор аз андоз дар Тоҷикистон аст.
Дар маҷмӯъ раиси Кумитаи андоз таъкид кард, ки раванди андозсупории ширкат беҳтар шудаст: «Имсол ба ҳисоби миёна моҳе 13,4 миллион сомонӣ андоз супорид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёдтар аст».