Дар шимоли кишвар 70 мактаби ғайридавлатӣ фаъолият мекунад
Машварати августии муаалимони вилояти Суғд дар театри ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор шуд.
Тавре ба Озодагон аз Хадамоти матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд, дар нишастт муовини Вазири маорифи ҷумҳурӣ Тоҷинисо Маҳмадова, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, ректорони донишгоҳҳои олӣ, мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони соҳаи маориф ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат доштанд. Пеш аз оғози ҷаласа филми мустанад оид ба дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои охир пешкаши ҳозирин гардонда шуд.
Зимни суханронӣ оқои Расулзода гуфт, соли ҷорӣ ба соҳаи маориф равона намудани 43,6 фоизи даромади буҷети вилоят ба нақша гирифта шудааст. Давоми панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи даромадҳо барои 27 ҳазор хонанда мактабу синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. То анҷоми сол боз 80 мактабу синфхонаҳои иловагӣ барои беш 9 ҳазор ҷойи нишаст бо маблағи зиёда аз 76 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.
Зикр шуд, ки дар вилоят раванди ташкили таълиму тарбияи типи нав, аз ҷумла литсею гимназияҳо, мактабу муассисаҳои томактабии ғайридавлатӣ торафт вусъат меёбад. Солҳои охир миқдори мактабҳои ғайридавлатӣ дар вилоят боз 14 адад афзуда, миқдори умумии он ба 70 адад расида, шумораи хонандагонаш беш аз 32 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.