Шералӣ Гул: Экологҳо пеш аз пода чанг мехезонанд
Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон изҳороти рӯзафзуни экологҳоро дар мавриди зарари зистмуҳитии Маркази гарму барқдиҳии шаҳри Душанбе, ки дар маҳаллаи Лучоб ба нақша гирифта шудаст, «пеш аз пода чангандозӣ» гуфт.
Ба гуфтаи экологҳо дар шароите, ки тамоми ҷаҳон ба сӯи рушди сабз ҳаракат дорад, ҳатмӣ нест, ки дар пойтахти кишвар марказе сохта шавад, ки тавассути ангишт кор намуда, муҳиту сокинони атрофро заҳролуд созад. Зиёда аз ин экологҳо даъво доранд, ки мавқеи сохтмони марказ нодуруст, бе назардошти самти шамол интихоб гардидаст.
Шералӣ Гул суол мегузорад, ки агар ду сол пеш вақте хишти аввала гузоштем, сохтмона сар мекардему имрӯз тамом мекардем, баъд чӣ мешуд: «То ҳол дар куҷо буданд, ки чанд ҳафта пеш даъворо бардоштанд? Пеш ай пода чанг андохта мегарданд. Намедонанд, кӣ чӣ кардаст. Мо аввал ин масъаларо ҳаматарафа омӯхтем. Ҳамин хел Маркази гарму барқдиҳие, ки дар Душанбе дар назар аст, дар худи Чин ҳам аст. Намояндаҳои мо рафта он ҷо марказҳоро диданд. Партовҳое, ки чунин марказҳо мепартоянд, хеле кам аст ва ягон зарар намеорад. Дар ин Марказ филтри сеқабата насб мешавад. Сементзавод сад солай дар ҳамон ҷо истодаст. Ягон одам аз бехи сементзавод кӯчидагӣ рафтагӣ нест».
Дар баробари ин Шералӣ Гул мегӯяд, ҳуҷҷатҳои Маркази гарму барқдиҳии шаҳри Душанберо ҳам мақомоти экологияи ҷумҳурӣ ва ҳам пойтахт имзо кардаанд. Вай мегӯяд, дар пайи ин муқобилият ва навис-навис оиди зарарҳои экологии Марказ манфиатҳои шахсӣ меистанд: «Мақсадашон манфиатҳои шахсӣ ва барои ин безобита кардани мардум аст. Дигар ягон чиз нест».